Ғалабаи дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар дастаи Озарбойҷон
Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим). – Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар вохӯрии якумаш дар Мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон пирӯз шуд.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, футболбозони ҷавони Тоҷикистон дастаи Озарбойҷонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохтанд. Тӯбҳоро ба дарвозаи ҳариф Муҳаммадҷон Шарифов ва Худойдод Узоқов ворид намуданд.
Имрӯз, 26 июн, футболбозони кишвар бо дастаи Испаниё вомехӯранд.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






