Ғолибияти “Эсхата”,“Исфара” ва “Зарафшон дар Суғд
Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон)-Бозиҳои даври сеюми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон 28- 29-майи дар минтақаи Суғд баргузор шуданд. Бояд зикр кард, ки дар се бозӣ мизбонон пирӯзӣ ба даст оварданд. Дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд бар дастаи “Маркази омодагии олимпӣ»-и Хуҷанд бо ҳисоби бузурги 6-0, дастаи «Зарафшон»-и Панҷакент бар дастаи «Ҷавонӣ»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисоби 6-1 ва дастаи «Исфара»-и Исфара бар дастаи «Қайроққум»-и Қайроққум бо ҳисоби 4-0 ғолиб шуд. Ёдовар мешавем, ки дастаи «Мастчоҳ»-и Мастчоҳ бо дастаи «Канд»-и Конибодом вориди сабқат шуд ва онро бо ҳисоби 2-1 шикаст дод. Хотиррасон менамоем, ки баъди натиҷагирии се даври мусобиқа дар ҷадвали бозиҳо се даста — “Эсхата”, “Исфара ва “Зарафшон”, ки дар ҳар се бозӣ ғолиб шудаанд, бо 9 имтиёзӣ дар сафи аввал қарор доранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






