Ғолибони «Нозирони навраси ҳаракати роҳ» муайян гардиданд

Июнь 3, 2014 11:57

Душанбе, 3.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Аз 27-уми  май то 1-уми июни соли ҷорӣ дар Маҷмааи муолиҷавии «Садбарг»-и шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракати роҳ» бо иштироки дастаҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ  баргузор гардид.
Дастаи мактаббачагони шаҳри Конибодом дар озмуни ҷумҳуриявӣ ғолиб омада, дар нахустин озмуни байналмилалии «Нозирони навраси ҳаракати роҳ», ки бо иштироки дастаҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Федератсияи Русия  доир гардид, қуввозмоӣ намуд.
Дар натиҷа дастаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (дастаи мактабиёни Конибодом) ва Ҷумҳурии Қазоқистон бо ба даст овардани холҳои баробар ҷойи аввал ва дастаи Федератсияи Русия ҷойи думро сазовор гашт.
Ба ғолибон диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
 
 
 
 

Июнь 3, 2014 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст