Қадаме ба сӯи ҳаёти солим

Июнь 24, 2014 11:26

Душанбе, 24.06.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди нашъамандӣ аз 16 то 26 июни соли 2014 дар шаҳри Қайроққум “Даҳаи саломатӣ”  эълон гардидааст.
Дар доираи ин чорабинӣ  аз ҷониби бахшҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, шуъбаҳои тандурустиву маорифи шаҳр бо ҷавонон ва наврасон дар лагерҳои истироҳатӣ семинарҳои омӯзишӣ,  мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои  фарҳангӣ  гузаронида мешаванд. 
19 июн дар толори “Кохи Истиқлол”-и шаҳри Қайроққум чорабинии маърифатию фарҳангӣ бо номи “Қадам ба сӯи ҳаёти солим”  баргузор гардид. Дар чорабинӣ 260 нафар ҷавон аз корхонаву ташкилотҳо, хонандагони мактабҳо, донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ иштирок намуданд.  
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
 

Июнь 24, 2014 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад