Қонуни маорифро ба низоми ММТ мутобиқ намуданд

Июнь 20, 2014 14:46

                  Душанбе, 20.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон 20 июн ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»  тағйиру иловаҳо ворид намуданд.  Фахриддин Усмонов -муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ зимни муаррифии лоиҳаи қонун гуфт, ки  дар асоси  банди 5-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  10 феврали соли 2014 дар чумҳурӣ Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»  мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ба низоми марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мавсуф афзуд, ки низоми  марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз соли равон ҷорӣ  шуда, ҳадафи он ба таври шаффоф, одилона  ва бо истифода аз имконоти муосир ба роҳ мондани қабули довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии  касбист. Фахриддин Усмонов таъкид кард, ки  раванди имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии  касбии кишвар пурра аз ҷониби Маркази миллии тестии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Қабули лоиҳаи ин қонун барои беҳтар намудани раванди  мазкур мусоидат менамояд. 
          Ҳамзамон Меҳроҷиддин Ҳакимов- узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф,  фарҳанг ва сиёсати ҷавонон мегӯяд,  ки  гузариш ба низоми марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар рушди бахши маорифи кишвар афзалияти бештар  дорад. Он  ба  ташкили имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии  касбӣ дар нуқтаҳои ба макони зисти довталабон наздик, шаффоф ва бо таъмини иштироки баробару озодонаи ҷавонон, ҳамчунин аз байн бурдани падидаҳои номатлуб, бахусус сӯйистифодаи мансаби хизматӣ, яъне  коррупсия дар ҷараёни қабул мусоидат намуда, қадами ҷиддиест дар роҳи ташаккули бахши соҳаи маорифи кишвар.
      Ҳамзамон вакилони палатаи поёнии Парлумони ҷумҳурӣ ба лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии  таълимӣ» тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки он ҳам ба таъсиси Маркази миллии тестӣ дар ҷумҳурӣ рабт дорад.
 
 

Июнь 20, 2014 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст