Ҳаҷми қарзҳои хурд 34,3 фоиз афзуд

Июнь 25, 2014 08:51

Душанбе, 25.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бақияи умумии қарзҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,1 фоиз зиёд шудааст. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Бино ба иттилои бонк, дар маҷмӯъ 3 млрд. 589,5 млн. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва 5 млрд. 11,0 млн. сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил додаанд. Дар таркиби бақияи қарзҳо 59,1 фоиз (5 082,9 млн. сомонӣ)-ро қарзҳои кутоҳмуддат ва 40,9 фоиз (3 517,6 млн. сомонӣ) -ро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.  Фоизи миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии мамлакат дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 26,31 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,20 фоизи солонаро ташкил намуд. Илова бар ин, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 34,3 фоиз афзуд. Аз ин маблағ 488,3 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 фоиз зиёд мебошад.

Июнь 25, 2014 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад