Ҳаҷми қарзҳои хурд 34,3 фоиз афзуд
Душанбе, 25.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бақияи умумии қарзҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,1 фоиз зиёд шудааст. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Бино ба иттилои бонк, дар маҷмӯъ 3 млрд. 589,5 млн. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва 5 млрд. 11,0 млн. сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил додаанд. Дар таркиби бақияи қарзҳо 59,1 фоиз (5 082,9 млн. сомонӣ)-ро қарзҳои кутоҳмуддат ва 40,9 фоиз (3 517,6 млн. сомонӣ) -ро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд. Фоизи миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии мамлакат дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 26,31 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,20 фоизи солонаро ташкил намуд. Илова бар ин, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 34,3 фоиз афзуд. Аз ин маблағ 488,3 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 фоиз зиёд мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






