Ҳадаф-танзими тиҷорат
Душанбе, 17.06.2014.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Иҷрои Созишномаи Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) доир ба мусоидат ба тиҷорат мавзӯи давраи миллии омӯзишии дурӯзае мебошад, ки имрӯз, 17-уми июн дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тиҷорати байналмилалӣ иттилоъ доданд, давраи омӯзишӣ аз ҷониби Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи МТБ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огаҳии ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон доир ба имкониятҳо ва чолишҳои узвияти кишвар дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ оғоз гардида, аз 37 чора иборат аст.
Доктор Муҳаммад Саид, мушовири аршади МТБ доир ба мусоидат ба тиҷорат, созишномаи мазкурро чунин шарҳ медиҳад: «Созишномаи мусоидат ба тиҷорат аъзои СТҶ-ро муваззаф мекунад, то равандҳои гумрукиро беҳтар кунанд, шаффофият ва муассириятро боло бибаранд ва ҳамчунин ҳамкориро миёни ниҳодҳои фаъол дар марз ва бахши хусусӣ ба роҳ монанд».
Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) ниҳоди байналмилалиест, ки дар соли 1995 бо ҳадафи танзими тиҷорат миёни аъзояш таъсис ёфтааст. Фаъолияти СТҶ асосан ба бунёди фазои боз, озод ва одилонаи тиҷоратӣ равона шудааст, фазое, ки ҳама аъзо дастрасии баробар ба манфиатҳоро доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми марти соли 2013 ба ҳайси узви 159-уми ин созмон пазируфта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






