Ҳадаф-танзими тиҷорат

Июнь 17, 2014 09:32

Душанбе, 17.06.2014.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-  Иҷрои Созишномаи Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) доир ба мусоидат ба тиҷорат мавзӯи давраи миллии омӯзишии дурӯзае мебошад, ки имрӯз, 17-уми июн дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. 
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тиҷорати байналмилалӣ иттилоъ доданд,  давраи омӯзишӣ аз ҷониби Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи МТБ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огаҳии ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон доир ба имкониятҳо ва чолишҳои узвияти кишвар дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ  оғоз гардида, аз 37 чора иборат аст.
Доктор Муҳаммад Саид, мушовири аршади МТБ доир ба мусоидат ба тиҷорат, созишномаи мазкурро чунин шарҳ медиҳад: «Созишномаи мусоидат ба тиҷорат аъзои СТҶ-ро муваззаф мекунад, то равандҳои гумрукиро беҳтар кунанд, шаффофият ва муассириятро боло бибаранд ва ҳамчунин ҳамкориро миёни ниҳодҳои фаъол дар марз ва бахши хусусӣ ба роҳ монанд». 
Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) ниҳоди байналмилалиест, ки дар соли 1995 бо ҳадафи танзими тиҷорат миёни аъзояш таъсис ёфтааст. Фаъолияти СТҶ  асосан ба бунёди фазои боз, озод ва одилонаи тиҷоратӣ равона шудааст, фазое, ки ҳама аъзо дастрасии баробар ба манфиатҳоро доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми марти соли 2013 ба ҳайси узви 159-уми ин созмон пазируфта шуд.

Июнь 17, 2014 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд