Ҳалокати ноболиғ аз лату кӯби ҳамсолонаш

Июнь 2, 2014 14:26

Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Тавре ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, 30 майи соли ҷорӣ сокини 57 — солаи пойтахт Шамсиддин Зарипов  ба мақомоти милитсия муроҷиат намудааст, ки ҳамон рӯз, тахминан соати 20:00 дақиқа, дар кӯчаи Алишер Навоии пойтахт дар назди яке аз биноҳои истиқоматӣ, шахсони номаълум писари ноболиғи 17-солааш, хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти умумиро зери лату кӯб қарор дода, сипас бо олоти буранда ба қисми шиками ӯ ҷароҳат расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа, писари ноболиғаш аз ҷароҳати бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
 Сарчашма зикр менамояд, ки барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон аз ҷониби кормандони милитсияи РВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ташкил шуда, рӯзи дигар, яъне 31-уми май, зимни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ нӯҳ нафар ноболиғони 17-18 сола, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо ва шаҳрванди 19 — сола Баҳрулло Асоев, сокинони шаҳри Душанбе дастгир шуданд.
Дар айни ҳол нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Июнь 2, 2014 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад