Ҳалокати шаҳрванд аз лату кӯб
Душанбе, 30.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия шаҳрванд Қурбоналиев Фариддун Муродалиевич, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Қаҳҳорови шаҳри Душанберо бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд. Номбурда 26 июн, тахминан соати 16.30-дақиқа дар дохили бозори «Султони Кабир» бо шаҳрванд Махсумов Қудратулло Расулович, соли таваллудаш 1994, сокини кӯчаи Р.Набиев ҷангу ҷидол намуда, ӯро лату кӯб мекунад. Дар натиҷа Қ. Махсумов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






