Ҳарифони футболбозони тоҷик муайян шуданд

Июнь 19, 2014 11:18

 
Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави  Қосим). – 18  июн  дар  қароргоҳи  Конфедератсияи  футболи  Осиё  дар  Куала – Лумпур  маросими  қуръапартоии  даври  интихобии  мусобиқоти  Осиё – 2015  байни   дастаҳои  мунтахаби   занонаи  синнашон  то  16  баргузор  гардид.
Тавре  ки  аз Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  хабар  доданд, аз рӯи  натиҷаи  қуръапартоӣ  дастаи  мунтахаби   занонаи  Тоҷикистон  (U – 16)  дар  гурӯҳи  «А»  мавқеъ  гирифта,  дастаҳои  Ӯзбекистон,  Шри – Ланка,  Баҳрайн,  Фаластин ва  Қирғизистон  ҳарифони он  ба  шумор  мераванд.
Дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон  4  октябр  бо  дастаи  Фаластин,  6  октябр  бо  дастаи  Баҳрайн,  8  октябр  бо  дастаи  Ӯзбекистон  ва  11  октябр  бо  дастаи  Шри – Ланка  қувваозмоӣ  менамояд.
Вохӯрии  охирини футболбозони тоҷик  13 октябр  бо  дастаи Қирғизистон  баргузор  мешавад.
Хотирнишон  месозем, ки  дар  даври  навбатии интихобии  мусобиқоти  Осиё —  2015 —  ум 21  даста  иштирок  менамоянд.
 
 

Июнь 19, 2014 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш