Ҳифзи табиат- ҳифзи ватан аст
Душанбе, 5.06.2014.(АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Ҳамасола дар сайёра 5 июнро ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҷлил менамоянд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» омадааст, ки: «Ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои он, солимгардонии муҳити зист вазифаи умумидавлатӣ, кори тамоми мардум ва қарзи маънавии ҳар як шаҳрванд мебошад».Имрўз бахшида ба рўзи байналмиллалии ҳифзи муҳити зист дар назди майдони «Наврўзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳр таҷлили оммавии рўзи ҷаҳонии муҳити зист, ҳамзамон таҷлили иди экологҳои ҷумҳурӣ дар назар аст.Ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии хонандагон бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар озмунҳо эълон мегарданд. Имсол низ чунин ташаббус идома ёфта, озмун дар мавзӯи «Ҳифзи табиат- ҳифзи ватан аст» эълон гардид. Дар озмун тамоми хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуданд.Дар озмун хонандагон дар номгӯйҳои «Расми беҳтарин», «Шеъри беҳтарин», «Мақолаи беҳтарин», «Ҳикояи беҳтарин», «Сурати беҳтарин», «Видеофилми беҳтарин», «Кори таҳқиқотии беҳтарин», «Кори меъмории беҳтарин» иштирок намуда, 20 нафар хонандаи ғолиб бо мукофотҳои ҳавасмандӣ ба маблағи 50 сомонӣ мукофотонида шуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






