Ҳилола-барандаи идрорпулии Ломоносов

Июнь 20, 2014 14:55

Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Донишҷӯйи соли  сеюми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров  Ҳилола Исоматдинова барандаи идрорпулии М. В. Ломоносов гардид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллӣ иттилоъ доданд, ҳайати ҳакамон аз ҷониби устодони варзидаи донишгоҳҳои олии кишвар интихоб шуда, ҳадаф аз баргузории он баланд намудани мақоми забони русӣ ва ҳамчунин қадршиносии нафароне, ки дар ин ҷабҳа заҳмат мекашанд, мебошад. 
Барандаи ин идрорпулӣ донишҷӯи соли сеюми шуъбаи рӯзонаи факултети филология Ҳилола Исоматдинова яке аз донишҷӯёни фаъолу намунавӣ шинохта шуда, пайваста дар озмуну конфронсҳои илмӣ иштирок менамояд.
Шаҳодатнома ва маблағ ба Ҳилола Исомаддинова дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби  намояндаи Бунёди «Институти тадқиқотии Авруосиё»  Хуршеда Содиқова супорида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки Ҳилола Исомаддинова дар тӯли як нимсолаи хониш ҳар моҳ 100 доллари ИМА, дар маҷмӯъ 500 доллар маблағ мегирад. 
Дар ин бора ба мо сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод.
 

Июнь 20, 2014 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд