Ҳодисаи нохуш аз ҷониби ронандаи ноболиғ

Июнь 3, 2014 11:57

 Душанбе, 3.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Рӯзи  31 май, соати 13.50-дақиқа ронандаи мошини тамғаи “Toyota — Korolla” ноболиғи 17-сола, сокини шаҳри Турсунзода, хонандаи синфи 10-уми гимназияи шаҳри Душанбе,  мошини падарашро бе шаҳодатномаи ронандагӣ дар шоҳроҳи Турсунзода-Душанбе ба самти шаҳри Душанбе идора намуда, дар километри 48,9-и роҳ, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини тамғаи “Opel — Astra” таҳти идораи ронанда Умаралӣ Шеров, соли таваллудаш 1971, истиқоматкунандаи ноҳияи Турсунзода бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи “ Opel — Astra ”  Умаралӣ Шеров аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расида, мусофиронаш Саидмаҳмад Шеров, соли таваллудаш 1966, Мансур Шеров, соли таваллудаш 1989, Акбар Шеров, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандагони ҳамин ноҳия ва ронандаи мошини   “ Toyota — Korolla ” ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамчунин сарчашма хабар медиҳад, ки ронандаи мошини тамғаи “ Opel — Astra ”  Комилхуҷа Хоҷаев, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа худи ронанда Комилхӯҷа Хоҷаев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Июнь 3, 2014 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?