Ҳомиёни Ватан муайян гардиданд
Душанбе, 3.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов 2-юми июни соли ҷорӣ мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомии Ватан» баргузор гардид. Мақсад аз баргузории чорабинӣ такмил додани корҳои ҳарбию ватандўстӣ ва варзишӣ миёни сарбозони сохторҳои қудратӣ ва тайёр намудани онҳо ба дифои Ватан, ҳамзамон нағз аз худ кардани барномаи тайёрии ибтидоии ҳарбӣ ва тарғиби он барои ҷалби хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аз яроқи қатли ом худро муҳофизат карда тавонистани онҳо буд.Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи ҳарбӣ — варзишии «Ҳомии Ватан» аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш-вазнбардорӣ, гулӯлапартоӣ, ҷаҳидан, бандкашӣ, тирпарронӣ, варзиши сабук ба масофаи 100 м ва ҳамзамон аз рўи машқи сафороӣ сурат гирифта, дар натиҷа дастаи қисми ҳарбии 08050-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиби ҷойи аввал, дастаи қисми ҳарбии 01215-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 051054-и Гвардияи миллӣ ғолиби ҷойи дуюм ва дастаҳои қисми ҳарбии 5453-и Қўшунҳои дохилӣ, 6593- и бригадаи посбоникунандаи Вазорати адлия ва 2611 -и Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадӣ ғолиби ҷойи сеюм дониста шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва диплом сарфароз гардонида шуданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






