Ҳ.Шодиев — сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон
Душанбе, 04.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим). — Федератсияи футболи Тоҷикистон Ҳусейн Шодиевро ба ивази Дамир Камолиддинов сармураббии дастаи мунтахаби миллии кишвар оид ба футзал таъин кард.
Хотиррасон мекунем, ки Дамир Камолиддинов баъди дар мусобиқоти Осиё — 2014 дар Ветнам ноком шудани дастаи мунтахби кишвар аз вазифааш озод карда шуд. Тавре ки маълум аст, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти зикршуда бозиҳоро бо ҳисоби 0:5 ба дастаи Кувайт, бо ҳисоби 4:10 ба дастаи Ветнам ва бо ҳисоби 1:6 ба дастаи Ироқ бохта буд.
Пайрав Воҳидов муовини сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Акбар Абдуллоев маъмури нави дастаи мунтахаб ва Даврон Олимов духтури даста таъин шуданд.
Раёсати Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба сармураббии нав супориш дод, ки дар ҳамаи мусобиқоти байналмилалӣ ва дар қисми ниҳоии мусобиқоти Осиё муваффақона ҳунарнамоӣ кардани дастаи мунтахабро таъмин намояд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






