Ҳузури сайёҳони Аврупо ба Тоҷикистон
Душанбе, 10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар доираи Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи куҳистон бо дастгирии Асотсиатсияи сайёҳии Эко-фарҳангии Помир (АСЭФП) коршиносони соҳаи сайёҳии Аврупо аз 2 то 9 июни соли ҷорӣ аз шаҳри Душанбе ва кўҳҳои шигифтангезу мафтункунандаи Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва шоҳроҳи бузурги Абрешим дидан карданд.
Иқдоми мазкур дар доираи барномаи махсуси сайёҳӣ таҳти унвони «Кўҳҳои Тоҷикистон барои муҳаққиқ офарида шудаанд» суарт гирифта, ҳадафаш вусъати ҳамкориҳои байналмилалӣ дар бахши туризм, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, рушди туризми куҳӣ ва алпинизм аст.
Меҳмонон зимни мулоқот бо муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Руслан Шодиков, ки 8 июн сурат гирифт, тазаккур доданд, ки аз туризми Тоҷикистон таасуроти хуб бардоштаву барои вусъати ҳамкориҳо ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






