Ҷаласаи коршиносони хадамоти сарҳадии давлатҳои аъзои СҲШ
Душанбе, 25.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим). — Дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи шашуми коршиносони хадамоти сарҳадии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ корашро анҷом дод.Тавре ки намояндагии Тоҷикистон дар СҲШ хабар медиҳад, дар ҷаласа коршиносони хадамоти сарҳадии мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон, ҳамчунин намояндагони Котиботи СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористии минтақавии СҲШ ширкат доштанд. Ҷонибҳо масоили омодагӣ ба ҷаласаи роҳбарони хадамоти сарҳадии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ — ро, ки 25 — 26 июн дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, мавриди муҳокима қарор доданд.Иштирокдорони ҷаласа перомуни вазъияти сарҳадоти давлатҳои аъзои СҲШ, ҳамкории мақомоти сарҳадӣ мубодилаи афкор карда, масоили дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






