Ҷаласаи навбатии Клуби бозори озод

Июнь 24, 2014 11:01

Душанбе, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар»). – 27  июн  дар  шаҳри  Кӯлоб ҷаласаи навбатии Клуби бозори озод бахшида ба мақому аҳамияти  асосии  ниҳоди  моликияти  шахсӣ дар  амри рушди  иқтисодию  ҷамъиятӣ   баргузор  мегардад. 
Тавре  ки  аз Клуби  бозори озоди  Тоҷикистон  хабар  доданд, муайян  намудан ва тақсиму   ҳифзи  ҳуқуқҳои  моликият  яке  аз  масъалаҳои мураккабу  душвортарини ҳар ҷомеа  маҳсуб  ёфта,  бояд бо  ягон  усул  ҳатман ҳал  карда шавад. 
Низоми  қавии ҳуқуқҳои  моликият яке  аз  мафҳумҳои  асосии  низоми  иқтисодии  капиталистӣ  ба  шумор  меравад. Мунаққидони  бахши  иҷтимоии  кишварҳои  мухталиф иброз  медоранд, ки ҳуқуқҳои  «моликият» аксаран назар  ба  ҳуқуқҳои  «инсон» бештар  афзалият  доранд, ки ин  боиси  муносибату  имкониятҳои  нобаробар  мегардад. Воқеан, нобаробарӣ дар  ҳар  ҷомеа арзи  вуҷуд  дошта, ихтилофоти  тахминии  байни ҳуқуқҳои  моликият ва  инсон чизи хаёлист, зеро  ҳуқуқҳои  моликият  маънои  ҳамон  ҳуқуқҳои  инсонро  дорад.
Ҳаҷму  дараҷаи ҳуқуқҳои  моликияти  шахсӣ ба  усулҳое таъсири  сахт  мерасонанд, ки  мардум тавассути онҳо барои  таҳти назорат  гирифтани  захираҳои  иқтисодӣ  байни  худ  рақобат  мекунанд. Ҳуқуқҳои муайяну  ба таври  аъло ҳифзшудаи  моликият  рақобати маҷбуриро  бартараф  намуда, боиси  рушди ҷомеа  гардида ва  омилҳои  қавии  рушди  устувори иқтисодиётро  ба  миён   меоранд.

Июнь 24, 2014 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст