Ҷаласаи роҳбарони Хадамоти сарҳадии давлатҳои аъзои СҲШ

Июнь 30, 2014 11:03

Душанбе, 30.06.2014. (АМИТ «Ховар»). – 25 ва 26 июн дар шаҳри Қайроққум ҷаласаи сеюми роҳбарони Хадамоти сарҳадии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарони Хадамоти сарҳадии мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ӯзбекистон, муовини дабири кулли СҲШ, директори Кумитаи иҷроияи сохтори зиддитеррористии минтақавии СҲШ ва мушовири калони Президенти Тоҷикистон оид ба амнияти миллӣ ширкат доштанд.Ҷонибҳо перомуни вазъияти сарҳадоти давлатҳои аъзои СҲШ мубодилаи афкор намуда, ҷараёни татбиқи қарорҳои Шӯрои СҲШ аз рӯи лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳуми давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба масоили сарҳадотро мавриди муҳокима қарор доданд.Ҷониби Тоҷикистон иштирокдорони ҷаласаро аз лоиҳаи таъмини амнияти сарҳад бо назардошти аз Афғонистон хориҷ шудани Қувваҳои байналмилалии мусоидати Афғонистон, ҷараёни роҳандозии амалиёти муштараки Хадамоти сарҳадии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ таҳти унвони «Шарқ – 2014» воқиф намуд.Иштирокдорони мулоқот Нақшаи кори гурӯҳи коршиносони Хадамоти сарҳадии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ барои соли 2015 – ро маъқул ёфтанд. Ҷонибҳо ба манзури муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳо ҷиҳати муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ, нашъаҷаллобӣ ва зуҳуроти дигари ҷинояткорона тасмим гирифтанд, ки барои таъмини амнияти сарҳадот якҷоя тадбирҳо андешанд.

Июнь 30, 2014 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст