Ҷаласаи роҳбарони идораҳои зиддимухадиротӣ

Июнь 19, 2014 15:16

Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз дар Душанбе Ҷаласаи панҷуми  роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки салоҳияти бурдани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро доранд, баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарони идораҳои зиддимухадиротии ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Чин ва Федератсияи Русия, ҳамчунин Котиби генералии СҲШ Д. Мезенцев ва муовини директори Кумитаи иҷроияи сохтори зиддитерористии минтақавии СҲШ  Т. Мусобоев иштирок ва баромад намуданд.
Дар вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои таҳким додани ҳамкории зиддимухаддиротӣ, интиқоли фаромиллии гурӯҳи афюнӣ ва канабис, қочоқи маводи нашъаовари синтетикӣ, ба муомилоти ғайриқонунӣ ворид шудани маводи кимиёвӣ (прекурсорҳо) ва таҳияи Барномаи амал оид ба иҷроиши Стратегияи зиддимухаддиротии давлатҳои узви СҲШ барои солҳои 2011-2016-ро мавриди муҳокима қарор доданд. 
Мақсади асосии чорабинӣ- мустаҳкам намудани ҳамкорӣ, андешидани тадбирҳои нав барои муқовимат бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва қочоқи прекурсорҳо, муттаҳид намудани кӯшишҳои давлатҳои узви СҲШ дар мубориза бар зидди интиқоли маводи нашъаовар арзёбӣ гардид.
Тарафҳо оид ба ҳамкории давлатҳои узви СҲШ дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, муқовимат бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки дар Афғонистон истеҳсол мешаванд, бо дарназардошти вазъияти тағйирёбанда дар минтақаи ҳамшафати кишварҳои узви давлатҳои СҲШ мубодилаи афкор намуданд. 
Ба ҳайати гурӯҳҳои кории ҷаласаи роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СҲШ, ки салоҳияти бурдани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро доранд, тағйирот ворид намуданд.
Аз рӯи натиҷаи чорабинӣ Протоколи мутобиқ ба имзо расида, дар он тарафҳо қарор намуданд, ки   Нақшаи чорабиниҳоро оид ба таҳияи Барномаи амал нисбат ба иҷроиши Стратегияи зиддимухадиротии давлатҳои узви СҲШ барои солҳои 2015-2016 коркард намоянд, инчунин лоиҳаи Стратегияи зиддимухадиротии давлатҳои узви СҲШ-ро коркард намоянд.

Июнь 19, 2014 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд