Ҷаласаи вазирони туризми ҷаҳон дар Сочи

Июнь 17, 2014 16:38

Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Рўзҳои 16-17-уми июни соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи вазирони туризми ҷаҳон вобаста ба рушди минбаъдаи туризм ва ҳамкориҳо доир гардид. Аз Осиёи Марказӣ дар баробари 25 давлати дунё муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Руслан Шодиков оид ба рушди туризм дар Тоҷикистон ва муаррифии он тавассути ролики махсус барои ҳамкорӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар сухан гуфт.
Зимни ҷаласа бо Котиби Генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ Толиб Рифаӣ, роҳбари Кумитаи туризми Русия О.Р. Сафонов ва намояндагони баландпояи туризми Русия, Тунис, Аргентина, Малайзия, Корея, Монако, Испания, Камбоҷа ва дигарон суҳбату мулоқотҳо оид ба ҳамкориҳо дар рушди туризми кишвар доир шуданд.
 

Июнь 17, 2014 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид