Ҷалби донишҷӯёни Донишкадаи ҳарбӣ ба ниҳодҳои қудратӣ

Июнь 23, 2014 12:50

Душанбе, 23.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-   Пас аз чаҳор соли таҳсил беш аз сад нафар донишҷӯёни Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, ки аз рӯи 14 ихтисос ба омӯзиш фаро гирифта шуда буданд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шомил гашта, минбаъд ба ҳайси афсар дар шохаҳои гуногуни сохторҳои қудратии кишвар кору фаъолият менамоянд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар ҳафтаи гузашта маросими хатми ин мутахассисони соҳаи низомӣ дар фазои идона доир гардид.
Роҳбарияти Вазорати мудофиа афсарони ҷавонро табрик  намуда, таъкид доштанд, ки Давлату Ҳукумати кишвар ба омода кардани кадрҳои соҳавӣ, бахусус афсарони дорои маълумоти касбӣ диққати заруриро равона намуда, дар ин самт пайваста барои беҳтару хубтар намудани шароитҳои хизматӣ-маишӣ тадбирҳои иловагӣ меандешанд.
Бояд гуфт, ки баъди гузашти ду даҳсола беш аз 70 дарсади афсарони касбии Артиши миллиро имрӯз хатмкунандагони ин Донишкада ташкил медиҳад.
Ин гурӯҳи беш аз саднафара бо фармони тасдиқшудаи масъулини ниҳоди қудратӣ ба вазифаҳои гуногун таъин гашта, қисмати бештаршон дар ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дигар сохторҳои таркибии Қувваҳои Мусаллаҳ кору фаъолият хоҳанд кард. 
 

Июнь 23, 2014 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд