Ҷашни ваҳдати тоҷикон дар Озарбойҷон

Июнь 30, 2014 08:17

Душанбе, 26.06.2014 (АМИТ «Ховар»).- Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба Рўзи ваҳдати миллӣ ва 17-ўмин солгарди баимзорасидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон чорабинии идона доир шуд.Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд, чорабинии мазкур бо баргузории бозии варзишии футбол миёни кормандони Сафорат ва донишҷўёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои кишвари иқомат, аз ҷумла дар Омўзишгоҳи Олии ҳарбии ба номи Ҳайдар Алиев, Донишгоҳи Қафқоз, инчунин Консерваторияи миллии Озарбойҷон, таҳсил мекунанд, ифтитоҳ гардид. Боиси тазаккур аст, ки дар қисми расмии чорабинӣ ҷаноби Сафир Зоҳир Саидов иштирокчиёнро ба муносибати ин санаи пурифтихор ва барои миллату Ватан муҳим муборакбод намуда, бо дарназардошти аҳамияти тарбиявии он, дар мавриди худшиносӣ, ватанпарастӣ, канораҷўӣ аз тарѓиботи равияҳои гуногуни мазҳабӣ, қавмгороӣ, таҳдиди хатарҳои муосир, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, огоҳӣ аз таъсири фарҳангҳои бегона ва ҷинояткориву ифротгароӣ таъкидҳо ба амал оварда, аз нақши таърихии ин санаи муборак ва садоқат ба якпорчагии кишвар, инчунин пос доштани ваҳдату дастовардҳои сулҳи тоҷикон, батафсил суханронӣ намуда, онҳоро ба ҳамбастагӣ ва ватандўстӣ даъват намуд.

Июнь 30, 2014 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад