Ҷавонони ИДМ дар “АвруОсиёи ҷавон” муттаҳид мешаванд
Душанбе, 11.06. 2014. (АМИТ «Ховар», Холисаи Асомиддин).-Аз 10 то 15 июни соли 2014 дар шаҳри Сахкадзори Ҷумҳурии Арманистон Форуми дуюми ҷавонон таҳти унвони “АвруОсиёи ҷавон” бо иштироки 150 сарварони ҷавони намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ-сиёсии кишварҳои пасошӯравӣ доир мегардад. Ташкилкунандагони форуми мазкур “Бунёди рушди ҳамкориҳои АвруОсиё” ва “Бунёди ҷавонони Арманистон” мебошанд.Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин форум аъзои Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, корманди масъули Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдулло Нуров ва и.в роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан дар шаҳри Душанбе” Фирӯз Табаров намояндагӣ менамоянд.Бояд тазаккур дод, ки форуми мазкур бо мақсади муттаҳиднамоии намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ-сиёсии ҷавонон ва рӯзноманигорони ҷавони кишварҳои ИДМ, назди Балтика ва Гурҷистон доир мегардад.Тибқи барномаи форум баргузории тренингҳо ва мизҳои муддавар бо иштироки коршиносони Агентии итилоотии «Россия сегодня», намояндагони котиботи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, мақомоти иҷроия ва қонунгузории Федератсияи Россия, Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон ва дигар кишварҳо, инчунин шиносоӣ аз ҷойҳои таърихии Арманистон пешбинӣ гардида, мубодилаҳои афкоре, ки дар нишастҳои “Сиёсатмадорони ҷавон”, “Рӯзноманигорони ҷавон” ва “Амнияти АвруОсиё” дар ин форум байни ҷавонон сурат мегиранд, ҷиҳати пайдо намудани иттилооти шаффофу холисона мусоидат хоҳанд намуд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






