Ҷавонони тоҷик дар баҳори донишҷӯёни кишварҳои СҲШ
Душанбе, 30.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо ибтикори созмони ҷамъиятии умумиросиягии ”Иттиҳоди ҷавонони Русия” ва Ҳукумати сарзамини Забайкал аз 2-юм то 7-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Читаи Забайкали Русия Фестивали “Баҳори донишҷӯёни кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай” бо дастгирии Ҳукумати Русия ва намояндаи Президенти Федератсияи Русия дар минтақаи федералии Сибир доир мегардад. Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз Тоҷикистон бо даъвати созмони “Иттифоқи ҷавонони Русия” дар ин чорабинӣ 47 нафар намояндагон аз қишри ҷавон ва донишомўзони Консерваторияи миллӣ, Донишкадаи санъати Тоҷикистон, Донишгоҳи миллӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Сирки давлатӣ ва васоити ахбори омма таҳти раҳбарии Амиров Маҳмуд-мудири Шуъбаи байналмилалии Кумита ширкат хоҳанд кард. Дар назар аст, намояндагони Тоҷикистон дар бахшҳое, ки ба доираи фестивал шомиланд, аз қабили эҷодиёти донишомўзон дар заминаи “Мусиқӣ”, “Хореография”(раксу бозӣ), “Сабки аслӣ”; анҷумани раҳбарони (лидер) ҷавон; барномаи фарҳангӣ; медиафорум ширкат кунанд. Мақсад аз баргузории ҷашнвора иттиҳоди ҷавонон ва табодули афокору таҷрибаи ҷавонони ҳудуди кишвархои СҲШ маҳсуб меёбад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






