Ҷойгоҳи Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо

Июнь 10, 2014 13:43

Душанбе, 10.06.2014. («АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бахшида ба 600- солагии шоир, мутафаккир, файласуф ва донишманди бузурги  адибиёти тоҷику форс Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ 3-4 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Ҷойгоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо» конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад. 
Бино ба иттилои муовини ректори донишгоҳ оид ба илм Матлуба Хоҷаева ҳадаф аз гузаронидани ин ҳамоиш пеш аз ҳама  мусоидати ҳарчӣ бештар дар пажуҳиши рӯзгору осор, афкор ва андешаҳои адабиву ирфонӣ, фалсафиву ахлоқии шоир, инчунин баррасии авзои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву илмӣ ва адабии асри Ҷомӣ, ҷараёнҳои фикриву адабӣ дар ин аҳд, нусхашиносӣ, тарҷума ва нашри осори адиб ва амсоли инҳо буда, дар он муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ҷалб мешаванд. 

Июнь 10, 2014 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад