Ҷоми Каспий насиби кӣ шуд?
Душанбе, 4.06.2014. (АМИТ (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Рӯзи 3-юми июн мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи IV байналмилалии Ҷоми Каспий-2014 дар Боку дар даври ниманиҳоӣ аз Туркия шикаст хӯрд.
Дар он футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуданд. Тӯби ягонаро футболбозони турк дар дақиқаи 67-ум вориди дарвозаи Тоҷикистон карданд.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар бозии дигари даври ниманиҳоӣ дастаи Эрон тими наврасони Озарбойҷонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.
Мавриди зикр аст, ки рӯзи 5-уми июн миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон сабқат барои соҳиб шудан ба мақоми савум ва чаҳорум баргузор мешавад. Худи ҳамин рӯз дастаҳои Туркия ва Эрон барои ҷойҳои аввал ва дувум бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






