15-солагии АНМН муборак!
Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 май маросими ботантанаи савгандёдкунӣ баргузор гардид, ки дар он Директори Агентӣ Рустам Назаров ва кормандони он иштирок намуданд.
Кормандони ҷавон, ки барои хизмат ба агентӣ қабул шуда буданд, барои садоқат ба Ватан, Президент ва Сарқонун савганд ёд намуданд.
Сипас дар толори агентӣ маҷлиси ботантана баргузор гардид, ки дар он намояндаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Жан Люк Лемахю, муовини вазири корҳои дохилии Афғонистон Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муовини раиси Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон Ғ. Анарбаев, Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Алӣ Сарияздӣ, роҳбари шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Марк Вуд, намояндаи расмии Хадамоти Федералии Федератсияи Русия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар ҶТ М.Х. Килясханов иштирок намуданд.
Ба ҳозирин табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 15-солагии таъсисёбӣ қироат карда шуд.
Меҳмонон роҳбарият ва кормандони Агентиро табрик намуда, дар кору фаъолият бурдбориҳо таманно намуданд.
Ба кормандони фаъоли агентӣ рутбаҳои махсуси навбатӣ, ифтихорномаҳо, медалҳо ва туҳфаҳо супорида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






