«15 соли ҳамкории ҶТ бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ»
Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 15-солагии таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «15 соли ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ» баргузор гардид.
Дар конфронс сафирон ва намояндагони як силсила сафоратхонаҳо, созмонҳои байналмиллалии муқими кишвар, аз ҷумла Дафтари Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Вена, Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин Маркази минтақавии иттилоотии ҳамоҳангсозӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Ба иштирокчиёни конфронс муроҷиати видеоии муовини Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, Директори иҷроияи Раёсати СММ Юрий Федотов намоиш дода шуд.
Дар хотима брифинг бо иштироки намояндагони ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ баргузор гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






