«15 соли ҳамкории ҶТ бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ»

Июнь 2, 2014 09:25

 
Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —    Дар Китобхонаи миллӣ  бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 15-солагии таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «15 соли ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ» баргузор гардид.
Дар конфронс сафирон ва намояндагони як силсила сафоратхонаҳо, созмонҳои байналмиллалии муқими кишвар, аз ҷумла Дафтари Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Вена, Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин Маркази минтақавии иттилоотии ҳамоҳангсозӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Ба иштирокчиёни конфронс муроҷиати видеоии муовини Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, Директори иҷроияи Раёсати СММ  Юрий Федотов намоиш дода шуд.
 Дар хотима брифинг бо иштироки намояндагони ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ баргузор гардид.
 

Июнь 2, 2014 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад