40-соли таҷрибаи Филиппин дар соҳаи муҳоҷират
Душанбе,7.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо мақсади омӯзиш, таҳлил ва баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии давлати Филиппин гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2014, таҳти роҳбарии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Маҳмадуллоев, мудири бахши муҳоҷирати дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Маҳмадалиев, сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ, сардори Раёсати кортҳои бонкии «Амонатбонк» Б.Маҳмудов ва дигарон ба шаҳри Манилаи Филиппин сафари хизматӣ анҷом дод.
Гурӯҳи корӣ дар ҷараёни сафари худ бо муовини вазири меҳнат ва шуғли аҳолии ин кишвар мулоқот намуд.
Дар мулоқот муовини вазири меҳнати Филиппин Саул Т. Де Вриз оид ба дастовардҳои ин кишвар дар тӯли 40 сол дар заминаи муҳоҷирати меҳнатӣ сухан намуд.
Бино ба иттилои Абдуллоҳи Қодирӣ, вазири меҳнати Филиппин зикр намуд, ки давлати Филиппин раванди муҳоҷирати меҳнатиро ҳамчун падидаи обеъктивӣ дар шароити имрӯза эътироф намуда, тамоми паҳлӯҳои мусбат ва манфии онро қабул намуд.
Дар ин самт вазорат арзёбии пурраи раванди муҳоҷирати меҳнатиро бароҳ монда, давра ба давра мушкилоти муҳоҷиратро бо иштироки бевоситаи тамоми вазорату идораҳои дахлдори кишвари Филиппин ҳал намуд. Муовини вазири меҳнат зикр намуд, ки ба танҳоӣ масъалаи муҳоҷирати меҳнатиро ҳал намудан кори басо мушкил аст ва дар ин роҳ ҳамкории мунтазами тамоми вазорату идораҳои дахлдор, ширкатҳои хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ зарур аст. Таҷрибаи давлати Филипин оид ба идораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ асосан аз солҳои 70-уми асри гузашта оғоз гардид, ки ин ба болоравии сатҳи рушд ва инкишофи иқтисодиёт ва буҳрони сохтмонҳои азим дар давлатҳои Ховари Миёна рост меояд.
Инчунин зикр гардид, ки дар шароити имрӯза аз 8 то 10,5 миллион нафар шаҳрванди давлати Филиппин дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, ки он ба муҳоҷирони меҳнатии доимӣ ва муваққатӣ ҷудо мешавад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






