40-соли таҷрибаи Филиппин дар соҳаи муҳоҷират

Июнь 7, 2014 10:04

Душанбе,7.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо мақсади омӯзиш, таҳлил ва баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии давлати Филиппин гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи  соли 2014, таҳти  роҳбарии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Маҳмадуллоев, мудири бахши муҳоҷирати дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Маҳмадалиев, сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ, сардори Раёсати кортҳои бонкии «Амонатбонк» Б.Маҳмудов ва дигарон ба  шаҳри Манилаи  Филиппин сафари хизматӣ анҷом дод.
Гурӯҳи корӣ дар ҷараёни сафари худ  бо муовини вазири меҳнат ва шуғли аҳолии ин кишвар мулоқот намуд. 
 Дар мулоқот муовини вазири меҳнати Филиппин Саул Т. Де Вриз оид ба дастовардҳои ин кишвар дар тӯли 40 сол дар заминаи муҳоҷирати меҳнатӣ сухан намуд. 
Бино ба иттилои Абдуллоҳи Қодирӣ, вазири меҳнати Филиппин зикр намуд, ки давлати Филиппин  раванди муҳоҷирати меҳнатиро ҳамчун падидаи обеъктивӣ дар шароити имрӯза эътироф намуда, тамоми паҳлӯҳои мусбат ва манфии онро қабул намуд.
Дар ин самт вазорат арзёбии пурраи раванди муҳоҷирати меҳнатиро бароҳ монда, давра ба давра мушкилоти муҳоҷиратро бо иштироки бевоситаи тамоми вазорату идораҳои дахлдори кишвари Филиппин ҳал намуд.  Муовини вазири меҳнат зикр намуд, ки ба танҳоӣ масъалаи муҳоҷирати меҳнатиро ҳал намудан кори басо мушкил аст ва дар ин роҳ ҳамкории мунтазами тамоми вазорату идораҳои дахлдор, ширкатҳои хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ зарур аст. Таҷрибаи давлати Филипин оид ба идораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ асосан аз солҳои 70-уми асри гузашта оғоз гардид, ки ин ба болоравии сатҳи рушд ва инкишофи иқтисодиёт ва буҳрони сохтмонҳои азим дар давлатҳои Ховари Миёна рост меояд. 
Инчунин зикр гардид, ки дар шароити имрӯза аз 8 то 10,5 миллион нафар шаҳрванди давлати Филиппин дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, ки он ба муҳоҷирони меҳнатии доимӣ ва муваққатӣ ҷудо мешавад. 
 
 

Июнь 7, 2014 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!