Амалиёти “Кукнор-2014” натиҷа дод
Душанбе,10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Кормандони милитсия 9 июни соли равон ҳангоми гузаронидани амалиёти “Кукнор-2014” дар ҳудуди заминҳои боғи истироҳатии шаҳри Чкалов, 8 ҳазору 400 бех ниҳоли худрӯйи “бангдона”, ки вазни умумиаш 56 кило буд, дарёфт намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуотии ВКД, инчунин зимни гузаронидани амалиёти“Кукнор-2014” дар мавзеи Бугоневи ноҳияи Шуғнон 3000-бех ниҳоли худрӯйи “бангдона”, ки вазнаш 14 кило буд, дарёфт карда шуд.Ҳамчунин дар ин рӯз дар заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи А.Ҷумъаеви ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 1760 бех ниҳоли “бангдона” дарёфт ва мусодира гардид.Нисбати ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






