Анҷуман ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистонро ба ҳам овард

Июнь 16, 2014 13:45

 
Душанбе, 16.06.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дар  Анҷумани VII-уми ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон, ки бо ташаббуси   Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ,  Хазинаи кӯдакони СММ (ХК СММ), Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон (ИТҶТ) ва Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон (АМВТ) доир гардид, зиёда аз 150  нафар фаъолҷавонон аз ҳисоби роҳбарони ташкилотҳои кор бо ҷавонон ва аъзои ИТҶТ,  волонтёрони АМВТ, намояндагиҳо  аз дастгоҳи Президенти Ҷумҳурӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳодҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон, шарикони иҷтимоӣ, расонаҳои хабарӣ ва меҳмонони дигар ширкат  варзиданд.
Дар рӯзи саввуми анҷуман раҳбарони як силсила ташкилотҳои  ҷамъиятӣ, минҷумла Ташкилоти ҷамъиятии “Шото”, “Ташаббусҳои  ҷавонони Тоҷикистон”, “Сайёр, “Ваҳдати ҷавонон” ва “Занони Шарқ” роҷеъ ба дастовардҳо ва натиҷаи татбиқи лоиҳаҳое, ки дар доираи «Барномаи миллии рушди ҷавонони Тоҷикистон» дастгирӣ ёфтаанд, сухан гуфтанд. 
Дар доираи анҷуман ҳамчунин намоиши дастовардҳои ташкилотҳои кор бо ҷавонон  созмон дода шуд.  
 
Ёдрас мекунем, ки аз 11-ум  то 14-уми июни соли ҷорӣ дар урдугоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд Анҷумани VII-уми ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон сурат гирифт.
 
 
 

Июнь 16, 2014 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст