Анҷумани иттиҳоди занони тоҷикистонӣ дар Федератсияи Русия
Душанбе, 3.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо ташаббуси Шӯрои ҷамъиятӣ, миллӣ-фарҳангии ба номи «Соотечественник»-и тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Русия ва як гурӯҳ занони фаъоли тоҷик, ки солҳои зиёд дар ин вилоят кору зиндагонӣ доранд, дар Палатаи Ҷамъиятии вилояти Иркутск Анҷумани Иттиҳоди занони тоҷики вилояти Иркутски Федератсияи Русия баргузор гардид. Яке аз мақсадҳои асоси анҷуман таъсис додани ин иттиҳод муттаҳид намудани занони тоҷикистонӣ, новобата аз миллаташон, ки дар ин вилоят кору зиндагонӣ доранд, мебошад.
Тавре ки аз шуъбаи робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ хабар доданд, гурӯҳи корӣ дар ин муддат бо ташкилотҳои давлатию ҷамъиятии вилоят, аз ҷумла бо роҳбарони Саридораи кор бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, миллӣ-фархангии маъмурияти Губернатори вилоят, Шурои занони вилоят, Шӯрои минтақавии занони вилоят ба номи «Ангара», Палатаи ҷамъиятии вилояти Иркутск, Саридораи Хадамоти муҳоҷирати Федерасияи Русия дар вилояти Иркутск, идораи кор бо ташкилотҳои ҷамъиятии миллӣ-фарҳангии Иркутск вохӯриҳои судманд гузарониданд. Дар анҷуман инчунин лоиҳаи Низомномаи Иттиҳоди занони тоҷикистонӣ «Бону»-ро муҳокима намуданд.
Мақсад аз ташкили ин иттиҳод, пеш аз ҳама ҳимояи ҳаматарафаи занони тоҷикистонӣ дар ин вилоят ва муттаҳид намудани онҳо мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






