Анҷумани соҳибкорон анҷом ёфт

Июнь 25, 2014 11:16

Душанбе, 25.06.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Анҷумани дурӯзаи соҳибкорон, ки дар он истеҳсолкунандагон, роҳбарону намояндагони сохторҳои давлатӣ, палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон, Афғонистон ва ниҳодҳои байналмилалии USAID, Барномаи ҳамкории СММ, Маркази байналмилалии савдо дар Тоҷикистон ширкат доштанд, корашро анҷом дод. Анҷуман бо ибтикори лоиҳаи USAID оид ба рушди савдо ва фоида, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва мусоидати Маркази байналмилалии савдо дар ҶТ роҳандозӣ шуд.Мақсад аз анҷуман барқарор намудани равобити байни соҳибкорон, баланд бардоштани рақобарпазирии содирот, рушди савдо, афзун намудани муомилоти мол, беҳбуди мушорикати соҳибкорони Осиёи Марказӣ буд. Анҷуман бо имзои қарордодҳои нави тиҷоратӣ ва намоиши намунаҳои маҳсулоти корхонаҳои дӯзандагӣ, хӯрокворӣ, ширкатҳои сохтмонӣ ва косибон анҷом ёфт.

Июнь 25, 2014 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд