Андӯхтаҳои Ҷ. Азизқулов дар «Андӯхти рӯзгор»
Душанбе, 11.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китоби “Андӯхти рӯзгор”-и олим, адиб ва тарҷумони маъруфи тоҷик Ҷумъабой Азизқулов баргузор гардид.
Дар рӯнамоии китоби мазкур директори китобхона Носирҷон Салимов афзуд, ки китоби тозанашри “Андӯхти рӯзгор” армуғонест ба ҷашни 80-солагии Ҷумъабой Азизқулов мебошад.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ оид ба ҳаёту фаъолияти Ҷумъабой Азизқулов сухан гуфта, ба ӯ мусаввараеро, ки мавзеи беҳтарини зодгоҳаш дар он ҷо тасвир ёфтааст ва нишони сарисинагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро тақдим намуд.
Раиси Энсиклопедияи миллии тоҷик Нурмуҳамад Амиршоҳӣ, доктори илмҳои филологӣ Абдунабӣ Сатторзода, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Хуршеда Отахонова оид ба зиндагинома ва кору фаъолияти Ҷумъабой Азизқулов ва перомуни китоби мазкур андешаҳояшонро иброз намуданд.
Бояд гуфт, ки китоби “Андӯхти рӯзгор” аз андӯхтаҳои солҳои мухталифи муаллиф фароҳам омадааст ва масъалаҳои адабиёти гузаштаву имрӯзаи тоҷикро дар бар гирифта, ба муносибати 80- умин соли мавлуди муҳаққиқ ба табъ расидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






