Арзиши дохилшавӣ ба факултаи ҳукуқшиносӣ чанд аст?
Душанбе,16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Зайтуна Назарова 15 апрели соли 2014 ба Раёсати Агнетии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, арз кардааст, ки омӯзгори литсейи № 1 шаҳри Панҷакент Исроил Раҷабов, бо роҳи фиреб барои дохил намудан ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Федератсияи Русия, бо супоридани имтиҳонҳо дар Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» аз ӯ 8 000 доллари амрикоӣ талаб намудааст.
Бино ба иттилои агентӣ, худи ҳамон рӯз, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ Исроил Раҷабов ҳангоми гирифтани 8000 доллар аз Зайтуна Назарова дастгир шуд.
Нисбат ба Исроил Раҷабов бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти пурра ба анҷом расонида шуда, ба суд ирсол шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






