Ба паҳлӯҳои мусбат ва манфии барнома бояд диққат дод

Июнь 3, 2014 09:19

Душанбе, 03.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Дирӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии директори агентӣ бо ҳайати баҳодиҳии «Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷиҳати дастгирии кӯшишҳо оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя» баргузор гардид.
Директори агентӣ бо меҳмонон ҷараёни таҳияи барномаи минтақавиро муҳокима намуда, зикр кард, ки зимни банақшагирии барнома ба паҳлӯҳои мусбат ва манфии он бояд диққат дод. Ӯ инчунин зарурати омӯзиш ва аз нав омода намудани мутахассисони соҳаи назорати маводи нашъаовар,нашр намудани шиору овезаҳои зиддимухаддиротӣ, омода намудани роликҳои иҷтимоӣ, омӯзонидани ҳайати маркази наркологӣ бо усулҳои нави муолиҷаро таъкид намуд. 
Рустам Назаров иброз намуд, ки солҳои охир ҳамкории Агентии назорати маводи нашъаовар ва Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ рушд ёфта истодааст. 
-Мо бояд ҳамкориро байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи пешгирии интиқоли маводи нашъаовар пурзӯр намоем,-зикр шуд зимни вохӯрӣ.

Июнь 3, 2014 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст