Баимзорасии Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистону Швейтсария
Душанбе, 19.06.2014 (АМИТ «Ховар»).- 17 июни соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар бораи Лоиҳаи Тоҷикистону Швейтсария оид ба моликияти зеҳнӣ байни Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисодиёт (SECO), Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Федералии моликияти зеҳнии Швейтсария ба имзо расонида шуд.
Ёддошти тафоҳуми мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Шариф Раҳимзода- вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Швейтсария Питер Микула- директори Дафтари швейтсариягӣ доир ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва Феликс Аддор -муовини аввали директор ва Уели Бури- муовини директори Институти швейтсариягии моликияти зеҳнӣ ба имзо расониданд.
Ҳадафи имзои Ёддошти тафоҳуми мазкур- ин муайян намудани шартҳои ҳамкорӣ, нақш ва уҳдадории тарафҳо барои идора ва татбиқи Лоиҳаи Тоҷикистону Швейтсария оид ба моликияти зеҳнӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки Лоиҳаи Тоҷикистону Швейтсария оид ба моликияти зеҳнӣ- ин нахустин лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моликияти зеҳнӣ мебошад.
Лоиҳаи мазкур аз ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Швейтсария асос ёфта, барои дастгирии фаъолияти мақомоти дахлдор дар соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.
Лоиҳаи Тоҷикистону Швейтсария оид ба моликияти зеҳнӣ дар давоми се сол амал менамояд ва хароҷоти он 1 миллион франки Швейтсарияро дар бар мегирад, ки он аз тарафи Ҳукумати Швейтсария ҳамчун кумаки бе бозгашт пардохт мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






