Барқияи шодбошии Э. Раҳмон ба Президенти интихобшудаи Украина

Июнь 2, 2014 14:04

Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон ба  Президенти  интихобшудаи  Украина  Пётр  Порошенко  барқияи   шодбошӣ  ирсол  намуд, ки дар он,  аз  ҷумла, чунин омадааст:
«Муҳтарам Пётр Алексеевич,
Басо  сарфарозам, ки  Шуморо  ба  муносибати  Президенти  Украина  интихоб  шуданатон  муборакбод  намоям.
Пирӯзии  Шумо  дар интихоботи  барпошуда нафақат  аз  барномаи Шуморо ҷиҳати  ба  эътидол  овардани  вазъияти  кишвар ва  рушди  минбаъдаи  иҷтимоию  иқтисодӣ дастгирӣ  намудани  халқи   Украина,  балки  аз  хоҳиши  самимонаи  интихобкунандагон  барои зистан   дар  вазъияти  сулҳу  субот  ва шукуфоӣ низ  шаҳодат  медиҳад.
Умедворам муносибатҳои Тоҷикистону  Украина, ки  ба анъаноти мустаҳками  дӯстӣ  ва  ҳамкории  фаъол  истинод  мекунанд,  барои рушду густариши  минбаъда қувваи  наверо  пайдо  менамоянд.
Ба  Шумо,  муҳтарам Пётр  Алексеевич,  дар  фаъолияти давлатиатон  муваффақиятҳо  ва  ба  халқи  Украинаи  дӯст  сулҳу  беҳбудиро таманно  дорам».
 
 

Июнь 2, 2014 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад