Барқияи табрикотии Э. Раҳмон ба В. Путин

Июнь 12, 2014 12:40

Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст: Муҳтарам Владимир Владимирович, Басо сарфарозам, ки ба муносибати солгарди иди миллии Федератсияи Русия аз номи халқ ва Ҳукумати Тоҷикистон табрикоти самимона ва орзуҳои беҳтаринро ба Шумо ва ҳамаи мардуми Русия иброз медорам. Мехоҳам бо қаноатмандии зиёд қайд намоям, ки муносибатҳои мушорикату ҳамкории стратегии байни ҳар ду кишвар ҳар чи бештар вусъат меёбанд.Мо азм дорем, ки барои корбурди нерӯи ғании муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷонибаи байни кишварҳоямон минбаъд ҳам бо Русия зич ҳамкорӣ намоем. Аминам, ки саъю кӯшишҳои якҷояамон на фақат ба таҳкими мушорикати Тоҷикистону Русия, балки ба суботу пешрафти минтақаамон ҳам мусоидат мекунанд. Тоҷикистон барои расидан ба ин мақсади наҷиб ҳамаи чизи аз худ вобастаро баҷо меорад.Ин воқеаи гуворо ба ман имкон медиҳад, ки ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович тансиҳатии бардавом, саодату муваффақиятҳо ва ба халқи дӯсти Русия беҳбудию шукуфоиро таманно намоям.

Июнь 12, 2014 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад