Барқияи табрикотии Э. Раҳмон ба В. Путин
Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст: Муҳтарам Владимир Владимирович, Басо сарфарозам, ки ба муносибати солгарди иди миллии Федератсияи Русия аз номи халқ ва Ҳукумати Тоҷикистон табрикоти самимона ва орзуҳои беҳтаринро ба Шумо ва ҳамаи мардуми Русия иброз медорам. Мехоҳам бо қаноатмандии зиёд қайд намоям, ки муносибатҳои мушорикату ҳамкории стратегии байни ҳар ду кишвар ҳар чи бештар вусъат меёбанд.Мо азм дорем, ки барои корбурди нерӯи ғании муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷонибаи байни кишварҳоямон минбаъд ҳам бо Русия зич ҳамкорӣ намоем. Аминам, ки саъю кӯшишҳои якҷояамон на фақат ба таҳкими мушорикати Тоҷикистону Русия, балки ба суботу пешрафти минтақаамон ҳам мусоидат мекунанд. Тоҷикистон барои расидан ба ин мақсади наҷиб ҳамаи чизи аз худ вобастаро баҷо меорад.Ин воқеаи гуворо ба ман имкон медиҳад, ки ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович тансиҳатии бардавом, саодату муваффақиятҳо ва ба халқи дӯсти Русия беҳбудию шукуфоиро таманно намоям.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






