Баргузории форуми “Ташаббусҳои ихтиёриён”
Душанбе, 23.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- 21-22-юми июни соли ҷорӣ дар шахри Қайроққум Форуми ҷавонони кишварҳои аъзои СҲШ таҳти унвони «Ташаббусҳои ихтиёриён» сурат гирифт. Дар он муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар Мавсума Муинова дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод. Сипас намояндаи кумита К. Миралиев мақсаду мароми форумро маънидод кард. Дар кори Форум намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатии кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин ва Русия ширкат намуда, доир ба мушаххасоти ҳаракати волонтёрӣ сухан гуфтанд.
Дар форум ширкаткунандагон роҳу василаи таҳким ва рушди ҳаракати волонтёриро дар ҳудуди кишварҳои СҲШ баррасӣ карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






