Баргузории силсилачорабиниҳои варзишӣ
Душанбе, 21.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар доираи силсилаи тадбирҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз 26-ум то 30-юми июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявии волейбол миёни духтарони соли таваллуди 1998-2000 ва 26-27-уми июн дар толори «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявии карате-кёкушинкай, 21-22-юми июн дар муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳҳи Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии дзюдо миёни наврасони соли 1997-1998, 24-28 июн дар Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпиии №5 мусобиқаи ҷумҳуриявии баскетбол миёни наврасони солҳои таваллуди 1992-2002 доир мегардад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар чорабинӣ иштироки дастаҳои ВМКБ, Суғд, Хатлон, Душанбе, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва минтақаи Рашт дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






