Баррасии ҳамкориҳои энергетикӣ дар Душанбе

Июнь 18, 2014 15:43

  Душанбе, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар», Анна Мощенко). — Конфронси минтақавӣ оид ба табодули таҷриба дар бахши ҳамкории энергетикӣ 17 июн дар Душанбе таҳти сарпарастии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон баргузор гардид.
  Роҳбари дафтари САҲА дар Тоҷикистон Маркус Мюллер қайд намуд, ки Конфронс барои мусоидати муколамаи энергетикӣ  дар Осиёи Марказӣ созмон дода шудааст. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти САҲА дар Тоҷикистон энергетика мебошад. САҲА манфиатҳои кишварро ба назар гирифта, кӯшиш мекунад вазъияти баҳснокро оид ба ин масъала ба танзим дароварда, механизмҳои дастовардҳои ҳадафҳо ва манфиатҳои миллиро  ба вуҷуд орад».
Дар конфронс таваҷҷӯҳи асосӣ ба баррасии масъалаҳои марбут ба беҳтарсозии фазои  сармоягузорӣ дар бахши энергетика зоҳир гардид.
 Раиси иттиҳодияи энергетикҳои Тоҷикистон Рафиқа Мусоева чунин меҳисобад, ки иқтидори гидроэнергетикӣ камтар аз 4% истифода гардида , манбаъҳои дигари энергияи истеҳсолшаванда  бошад, камтар аз 1% истифода мешаванд. 
Ҳамчунин дар конфронс ба масоили дипломатияи энергетикӣ, ки  барои тавсеаи муколама ва ташкили «Маркази дипломатияи энергетикӣ» дар Тоҷикистон барои солҳои 2015 таҳти сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мусоидати Дафтари САҲА платформа  гардидааст, дахл карда шуд.  
 

Июнь 18, 2014 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад