Баррасии барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби ИА

Июнь 18, 2014 13:58

Душанбе, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода  бо ҳайати намояндагони Иттиҳоди Аврупо, ки таҳти роҳбарии Риина Кионка, роҳбари бахши Осиёи Марказии Хадамоти Аврупо оид ба амалиёти беруна ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, вохӯрӣ намуд.
Дар мулоқот атрофи нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва дигар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт. 
Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот самтҳои дигари ҳамкориҳои иқтисодии барои тарафайн судманд мавриди арзёбӣ қарор гирифта, ба омодагиҳо ҷиҳати баргузории ҷаласаи сеюми Кумита оид ба ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар дода шуд.
Дар ин бора ба АМИТ Ховар сардори маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо Нуралӣ Шоқурбонов хабар дод.

Июнь 18, 2014 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст