Баррасии масоили гурезаҳо дар мулоқоти Р. Раҳимзода бо К. Аллен

Июнь 9, 2014 15:53

Душанбе, 09.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -7-уми июни соли ҷорӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо  роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон Кевин Аллен мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои гурезаҳо, шахсони паноҳҷӯянда ва бешаҳрвандиро мавриди баррасӣ қарор дода, изҳор намуданд, ки ҳамкориҳоро дар ин самт боз ҳам густариш мебахшанд.
Рамазон Раҳимзода зикр намуд, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба ташкил ва ба танзим даровардани фаъолият дар самти муайян намудани мақоми гуреза чораҳои зарурӣ меандешад. Дар сохтори Вазорат   шӯъбаи алоҳида оид ба масоили гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда ва бешаҳрвандӣ фаъолият менамояд, ки онҳоро ба қайд гирифта, аризаю дархости онҳоро мутобиқи қонунгузории кишвар баррасӣ менамояд.  
Ҷонибҳо оид ба лоиҳаи алоҳидаи Қонуни ҶТ «Дар бораи гурезаҳо» табодули афкор намуданд. Иброз гардид, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби гуруҳи кории байниидоравӣ дар таҳрири нав коркард шуда, ба Парлумони кишвар ирсол гардидааст.

Июнь 9, 2014 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?